Расулзода: Тоҷикистон ба сармоягузориҳои Чин дар бахши кишоварзӣ манфиатдор аст

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз як ҳайати Чинро таҳти раҳбарии муовини вазири кишоварзии Чин Ню Дун ба ҳузур пазируфт. Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Қоҳир Расулзода манфиатдории Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳо бо Чин дар ҳамаи соҳаҳо изҳор намуд. «Расулзода зикр кард, ки Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаҳои бузург дар […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз як ҳайати Чинро таҳти раҳбарии муовини вазири кишоварзии Чин Ню Дун ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Қоҳир Расулзода манфиатдории Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳо бо Чин дар ҳамаи соҳаҳо изҳор намуд.

«Расулзода зикр кард, ки Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаҳои бузург дар бахши кишоварзӣ бо ҷалби сармоягузориҳои Чин манфиатдор мебошад», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, парвариши шолӣ бо истифода аз технологияҳои нав ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.