Пешгирӣ аз қочоқи 40 тонна семент дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

– Дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз қочоқи 40 тонна семент пешгирӣ шуд, – иттилоъ медиҳад «Кабар» бо истинод ба шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон. Гуфта мешавад, чанде қабл хизматчиёни ҳарбии қисми низомии марзбонии Ботканд дар мавзеи Торт-Кочои ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд шаҳрванди қирғизро боздоштаанд, ки бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ 40 тонна […]

ASIA-Plus



– Дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз қочоқи 40 тонна семент


пешгирӣ


шуд, – иттилоъ медиҳад «Кабар» бо истинод ба шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Гуфта мешавад, чанде қабл хизматчиёни ҳарбии қисми низомии марзбонии Ботканд дар мавзеи Торт-Кочои ноҳияи Ботканди вилояти Ботканд шаҳрванди қирғизро боздоштаанд, ки бидуни ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ 40 тонна сементро тариқи марзи Қирғизистону Тоҷикистон гузарониданӣ будааст. Арзиши умумии бори барои қочоқ пешбинишуда беш аз 200 ҳазор сомро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки пас аз тартиб додани асноди зарурӣ боздоштшуда ва маҳсулоти барои қочоқ пешбинишудаи ӯ ба ихтиёри кормандони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар вилояти Ботканд супурда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.