Тасдиқи Созишнома дар ҳаҷми 16,8 млн. $ оид ба истифодаи устувори экологии замин

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панчуми худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоят барои ба мӯҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ализода Зариф»-ро ҷонибдорӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панчуми худ, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоят барои ба мӯҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ализода Зариф»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии МНМО ҶТ, дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панчуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ҳамчунин Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҳамчун Агентии иҷроияи Фонди глобалии экологӣ аз чониби вакилон ба тасвиб расид.

Мақсади ин барнома ҳамгироии масъалаҳои мутобиқшавӣ ва устувории иқлим дар сиёсат ва нақшаҳои рушд мебошад, ки ба паст кардани сатҳи камбизоати ва рушди устувор равона гардидааст. Барномаи пилотӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба воситаи Банки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд ва Бонки аврупоии рушд якҷоя бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» дар 6 ноҳияҳои пилотии Ҷиргатол, Тавилдара, Балҷувон, Ховалинг, Фархор ва Кӯлоб татбиқ гардида, барои беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони деҳот, баланд гардидани қудрати истеҳсолии онҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои пилотии осебпазир мусоидат менамояд.

Арзиши умумии лоиҳа 16 миллиону 877.5 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад, ки 9 миллиону 450 ҳазори он аз тарафи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди инвеститсионии иқлим маблағгузорӣ мешавад.

Масъалаи сеюми рузнома – Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд чун Мақоми иҷроияи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Фонди стратегии иқлим-ро ба вакилони мардумй муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхони Қодириён, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Ҳақдодов Маҳмадшариф ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло баррасӣ намуданд.

Номбурдагон таъкид намуданд, ки Созишномаи грантӣ (лоиҳаи заминистифодабарии устувори экологӣ ва таъмини зист дар деҳот) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилаии рушд ҳамчун Агентии иҷроияи Фонди глобалии экологӣ, ки 11 июни соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур ба мақсади идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳоти 6 ноҳияҳои пилотии Ҷиргатол, Тавилдара, Балҷувон, Ховалинг, Фархор ва Кӯлоб татбиқ гардида, барои беҳтар шудани шароити зиндагии сокинони деҳот, баланд гардидани қудрати истеҳсолии онҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои пилотии осебпазир мусоидат менамояд. Аз арзиши умумии лоиҳа 16 миллиону 877.5 ҳазор доллари ИМА, 5 миллиону 400 ҳазори он аз тарафи Фонди глобалии экологӣ маблағгузорӣ мешавад.

Аз рӯи масъалаи нихоии рузнома – Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ»-дар назди вакилони мардумй раиси Бонки миллии Точикистон Ширинов Абдучаббор, вакилони Маҷлиси намояндагон Талбаков Исмоил ва Нозимов Маҳмадшариф баромад намуда, аз чумла иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади барпо намудани заминаи қонунгузории фаъолияти бонкии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешиҳод шудааст.

Зарурияти таҳия ва қабул намудани Қонуни мазкур се ҷанбаи асосиро, ки аз Паёмҳои Презтденти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифу дархостҳои пайдарҳами интихобкунандагон ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкили рақобати солим байни ташкилотҳои қарзӣ барои рушди бемайлони иқтисоди миллӣ бармеоянд, дар бар мегирад.

Ташкили фаъолияти бонкии исломӣ дар кишвари мо дар шароити имрӯза саҳифаи нави муносибатҳои қарзиро рӯи кор меорад ва барои рушди бемайлони иқтисодиёт таҳдоби воқеӣ хоҳад гузошт. Бо қабули Қонуни мазкур дар таърихи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бонкию қарзӣ марҳилаи нави муносибатҳо оғоз мегардадд, ки шарикии ташкилотҳои қарзии исломиро бо мизоҷон ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти иқтисодию тиҷоратӣ ва кору хизматрасонӣ таъмин менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.