Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон

Ахири моҳи май Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешаванд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, маросими расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон санаи 26-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин айнӣ доир мегардад. Оркестри миллии симфонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии дирижёр, дорандаи ҷоизаҳои озмунҳои байнулмилалӣ Сергей Кондрашов […]

ASIA-Plus



Ахири моҳи май Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, маросими расмии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон санаи 26-уми май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин айнӣ доир мегардад. Оркестри миллии симфонии Тоҷикистон таҳти раҳбарии дирижёр, дорандаи ҷоизаҳои озмунҳои байнулмилалӣ Сергей Кондрашов ба тамошобинон консерт медиҳанд. Дар фойеи театр намоишгоҳи аксҳо пешкаш мегардад.

«Ҳайати Русия аз 45 нафар мусиқачиёну ҳунармандони театр, сарояндагони опера ва дигар иштирокчиёни барномаи фарҳангӣ иборат хоҳад буд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 27-уми май ҳайати Русия ба дараи Варзоб сафар мекунад. Худи ҳамон рӯз дар Консерваторияи миллии ба номи Т.Сатторов вохӯрии эҷодӣ ва машғулиятҳои касбии ҳунармандони тоҷику рус барпо мегардад. Пас аз ин дар Театри давлатии драмавии ба номи В.Маяковский намоишномаи дипломии спектакли «Лес» (Ҷангал) аз рӯи асари А.Островский дар иҷрои донишҷӯёни факултаи актёрии Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематографияи ба номи С.Герасимов (ВГИК) баргузор мешавад.

Рӯзи 28-уми май меҳмонон аз шаҳри Норак боздид намуда, бо китобхонаи «Дӯстии халқҳо» аз наздик ошно мегарданд ва композитсияи адабӣ-мусиқӣ бахшида ба Ҷанги Бузурги Ватаниро тамошо мекунанд. Онҳо ба Осорхонаи Миллии Тоҷикистон, боғи ботаникӣ ва дигар макони тамошобоби шаҳри Душанбе низ ташриф меоранд.

Зимнан зикр гардид, ки рӯзи 29-уми май дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти хотимавӣ барпо мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.