А.Раҳнамо: Аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон набояд ба воҳима афтод

Сиёсатшиноси тоҷик Абдулло Раҳнамо бар ин назар аст, ки хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомии НАТО аз Афғонистон ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар начандон таъсире хоҳад гузошт. Коршинос мутмаин аст, ки набояд ба воҳима афтод, ки ояндаи наздик дар кишвари ҳамсоя толибон сари ҳокимият меоянд ва кишвар ба нооромиву сардаргумӣ печида, он ба бад шудани […]

Пайрав Чоршанбиев



Сиёсатшиноси тоҷик Абдулло Раҳнамо бар ин назар аст, ки хурӯҷи нерӯҳои эътилофи низомии НАТО аз Афғонистон ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар начандон таъсире хоҳад гузошт.

Коршинос мутмаин аст, ки набояд ба воҳима афтод, ки ояндаи наздик дар кишвари ҳамсоя толибон сари ҳокимият меоянд ва кишвар ба нооромиву сардаргумӣ печида, он ба бад шудани вазъ дар тамоми минтақа боис мегардад.

Дар мусоҳиба бо хабарнигори «Азия-Плюс» Раҳнамо таъкид дошт, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон танҳо дар чанде аз минтақаҳои ин кишвар бад шудани вазъ аз эҳтимол дур нест. «Дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шояд гурӯҳҳои хурди тундгарои аз ҳисоби шаҳрвандони ИДМ амалкунанда низ каме фаъолтар шаванд», – чунин мешуморад сиёсатшинос.

Ӯ зикр кард, ки дар нишастҳои чанде қабли СҲШ ва СААД сарони кишварҳои узви ин созмонҳо изҳор карданд, ки пас аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон метавон аз рӯйи кор омадани таҳдидҳои муайяне интизорӣ дошт ва ба ҳама гуна сурат гирифтани ҷараёни рӯйдод дар ин кишвар мебояд омода шуд.

«Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ба тағйирёбии вазъ дар минтақа омода бошем, вале дар робита ба хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон набояд ба воҳима афтоду ҳаросон шуд», – афзуд коршинос.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.