Мулоқоти Раҳмон бо роҳбари Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинденро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд. “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем”- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Аз рушди ҳамкории […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушди байналмилалӣ Мартин Дахинденро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд. “Мо Швейтсарияро яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо медонем”- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.


Аз рушди ҳамкории сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Тавре зикр гардид, Швейтсария аз соли 1993 ба ин сӯй ба ҳайси роҳбари Гурӯҳи швейтсарии намояндагӣ дар сохторҳои байналмилалии молиявӣ манфиатҳои Тоҷикистонро дар шӯроҳои иҷроияи Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор ва Бонки таҷдид ва рушди Аврупо пуштибонӣ менамояд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкорӣ ва ёрии Швейтсария дар масъалаи шомил гаштани Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо баҳои баланд дод.

Ҳамчунин ба фаъолияти пурсамари Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, ки аз соли 1998 кор мекунад, баҳои баланд дода шуд. Тавре зикр гардид, аз тариқи ин ниҳод барои татбиқи лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон ба ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ грантҳо ҷудо карда шудааст. Ҳоло 30 лоиҳа бо маблағгузории Швейтсария мавриди татбиқ қарор дорад.

Ҳамзамон Швейтсария “яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон” номида шуд. Чунонки зикр гардид, соли 2013 гардиши мол миёни ду кишвар зиёда аз 83 миллион доллари амрикоиро ташкил намудааст, ки нисбат ба соли 2010 2,4 баробар зиёд аст.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши бештари ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.