Кӯдакони хурдсоли тоҷикро ба ватан баргардониданд

Хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия се нафар кӯдакони хурдсоли тоҷикро, ки қаблан аз тарбияи онҳо падару модаронашон рӯй гардонида буданд, аз Маскав ба Душанбе фиристод. Тавре ба «Азия-Плюс» корманди намояндагии дипломатии тоҷикистон дар Маскав Ҳабибулло Каримов хабар дод, рӯзи чоршанбе тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Душанбе Оксана Давлатшоеваи 1,5-сола, Умар Исматуллоеви 1-сола ва Маҳина […]

ASIA-Plus



Хадамоти консулгарии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия се нафар кӯдакони хурдсоли тоҷикро, ки қаблан аз тарбияи онҳо падару модаронашон рӯй гардонида буданд, аз Маскав ба Душанбе фиристод.

Тавре ба «Азия-Плюс» корманди намояндагии дипломатии тоҷикистон дар Маскав Ҳабибулло Каримов хабар дод, рӯзи чоршанбе тариқи хатсайри ҳавоии Маскав – Душанбе Оксана Давлатшоеваи 1,5-сола, Умар Исматуллоеви 1-сола ва Маҳина Мирзойироваи 3-сола ба ватан фиристода шуданд.

«Инҳо кӯдаконе мебошанд, ки волидайнашон аз тарбияи онҳо рӯй гардонидаанд. Ба туфайли гуфтушуниди тӯлонии Консулгарии аафорат бо мақомоти дахлдори Русия онҳо ба ватан баргардонида шуданд», – гуфт Каримов.

Ба қавли номбурда, то ин дам ин кӯдакон дар хонаҳои кӯдакони шаҳри Маскав ба нигоҳубину тарбия фаро гирифта шуда буданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти федуралии муҳоҷирати Русия, ба санаи 4-уми майи соли равон ҳудуди 1 млн. 138 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд, ки 962,5 ҳазор нафарашонро мардон ва беш аз 175,4 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.