Тағйирот ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»


Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун «Дар бораи алоқаи почта», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», лоиҳаи Қонуни ҶТ«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТн даъвати чорум, лоиҳаи Қарори МНМО ҶТ «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов, Лутфулло Саидмуродов, Насрулло Маҳмудов ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро баён дошта, қабули санадҳои мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.

spot_imgspot_img

Популярное