Қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 млрд. 192 млн. $ расид

Ба санаи 1-уми апрели соли равон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 млрд. 192,68 млн. доллари ИМА расид, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 21,9%-ро ташкил медиҳад. Аввали сол ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба 2 млрд. 161,5 млн. доллари ИМА (25,4% нисбат ба ММД) баробар буд. Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, аз […]



Ба санаи 1-уми апрели соли равон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 2 млрд. 192,68 млн. доллари ИМА расид, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар 21,9%-ро ташкил медиҳад. Аввали сол ҳаҷми қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба 2 млрд. 161,5 млн. доллари ИМА (25,4% нисбат ба ММД) баробар буд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, аз ҳаҷми умумӣ қарзи бевоситаи давлатӣ, ки иҷрои хизматгузориҳои ҳукуматро таъмин мекунад, 1 млрд. 968,23 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ 19,51 млн. ва қарзҳои корхонаҳои давлатӣ бидуни кафолати ҳукуматӣ 31,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор барои нигаҳдории тавозуни пардохтпазирии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон хизматгузорӣ мешавад, ба 158,41 млн. доллари ИМА баробар буда, қарзи гирифтаи Бонки миллӣ аз Чин дар ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014 ҷиҳати пардохти қарзи хориҷӣ равона гардидани 689,9 млн. сомонӣ, аз ҷумла пардохти қарзи асосӣ – 520,2 млн. сомонӣ ва фоизҳо аз қарз – 169,7 млн. сомонӣ маблағ дар назар аст.  520,2 млн. сомонӣ ва фоизҳо аз қарз – 169,7 млн. сомонӣ маблағ дар назар аст. Бо ин мақсад соли 2015 – ҷудо гардидани мутаносибан 534,8 млн. сомонӣ ва 161,9 млн. сомонӣ ва соли 2016 – 582,5 млн. сомонӣ ва 154,3 млн. сомонӣ маблағҳо пешбинӣ мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.