Захмӣ шудани маҳбуси эронӣ дар зиндони Ёвон ҳангоми кӯшиши фирор

Маҳбуси муассисаи ислоҳии И/13 (зиндони Ёвон), шаҳрванди Эрон Меҳдӣ Камбарӣ рӯзи 16-уми май ҳангоми кӯшиши фирор намудан захмӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, айни замон маҳбуси захмишуда дар бемористони зиндон қарор дорад. «Дар Тоҷикистон Камбарӣ барои убури ғайриқонунии марз ба 2 соли зиндон маҳкум шуда, кӯшиши […]



Маҳбуси муассисаи ислоҳии И/13 (зиндони Ёвон), шаҳрванди Эрон Меҳдӣ Камбарӣ рӯзи 16-уми май ҳангоми кӯшиши фирор намудан захмӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар доданд, айни замон маҳбуси захмишуда дар бемористони зиндон қарор дорад. «Дар Тоҷикистон Камбарӣ барои убури ғайриқонунии марз ба 2 соли зиндон маҳкум шуда, кӯшиши гурехтан кардааст. Кормандони зиндон чандин маротиба ӯро огоҳ кардаанд, ки биистад, вале ӯ ба ин итоат накарда, дар натиҷа аз силоҳ оташ кушода шудааст. Маҳкумшуда аз пояш захмӣ шуда, феълан вазъи солимиаш қаноатбахш аст», – гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ варзид.

Дар ҳамин ҳол, зимни суҳбат бо «Азия-Плюс» корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик намояндаи Омбудсмен ба аёдати маҳкумшуда Меҳдӣ Камбарӣ меравад. «Овозаҳо дар бораи гӯё дар роҳ ба бемористон ҳалок шудани маҳбуси захмишуда асоси воқеӣ надоранд. Имрӯз ман бо намояндаи ин зиндон суҳбат карда, ба ман хабар доданд, ки Камбарӣ аз пояш ду захм гирифтааст. Баъди ин ҳодиса ӯ дарҳол ба беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон оварда шуда, ҷарроҳӣ шудааст ва ҳозир дар бемористони зиндон аст. Рӯзҳои наздик мо ба аёдати маҳбуси захмишуда рафтанием», – гуфт Нидоев.

Бино ба иттилои ӯ, Меҳдӣ Камарӣ қаблан дар Эрон низ барои авбошӣ маҳкум шуда будааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.