Баррасии рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “тайи 12 моҳи гузашта 3 маротиба баргузор шудани мулоқотҳои сатҳи олии миёни […]



Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Чин баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон “тайи 12 моҳи гузашта 3 маротиба баргузор шудани мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишварро нишонаи ҳусни ният ва рушди босуръати муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш” номид.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин Тоҷикистонро “ҳамсояи наку, дӯсти хуб ва шарики боътимоди стратегӣ” номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноат кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки 2 сол боз ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин аз 2 миллиард доллари амрикоӣ боло меравад. Аз оғози кори як қатор ширкатҳои чинӣ дар соҳаи саноати кӯҳии Тоҷикистон ва амалишавии таҷрибаҳои пешқадами кишоварзии чинӣ ҳам изҳори хушӣ карда шуд.

Доир ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, навсозии роҳҳои мошингард ва бунёди иншооти нави истеҳсоли нерӯи барқ ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин изҳори хушӣ карда, таъкид дошт, ки мардуми ин кишвар ҳунари санъаткорони тоҷикро бисёр хуб пазируфтанд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Чин тасмим дорад, шумораи бурсияҳоро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилотии ин кишвар, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг,  афзун намояд.

Атрофи рӯзномаи ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Шанхай ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.