Тағйирот ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»

Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи Ваколатдор […]


Имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонун «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи грантӣ (Амалиёти махсус) оид ба Лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани илова ба қонун «Дар бораи рӯзҳои ид», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун «Дар бораи алоқаи почта», лоиҳаи Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба қонун «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», лоиҳаи Қонуни ҶТ«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТн даъвати чорум, лоиҳаи Қарори МНМО ҶТ «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, вакилони Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Гулов, Лутфулло Саидмуродов, Насрулло Маҳмудов ва дигар аъзои Шӯро роҷеъ ба мавзӯъҳои рӯзнома фикру андешаҳои худро баён дошта, қабули санадҳои мазкурро барои рушди арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.