Интихоби президенти нави Федератсияи тенниси рӯи миз ба ҷойи Зайд Саидов

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ рӯзи 16-уми май маҷлиси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизро баргузор кард, ки дар он Рустам Холиқов президенти ин федератсия интихоб шуд. Ин федератсияро қаблан соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов роҳбарӣ мекард. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи мазкур хабар доданд, Рустам Холиқов устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ буда, давоми […]



Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ рӯзи 16-уми май маҷлиси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизро баргузор кард, ки дар он Рустам Холиқов президенти ин федератсия интихоб шуд. Ин федератсияро қаблан соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов роҳбарӣ мекард.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Федератсияи мазкур хабар доданд, Рустам Холиқов устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ буда, давоми солҳои 2004-2008 низ ин вазифаро бар дӯш дошт ва ба ин мақом якдилона интихоб шудааст.

«Дар қатори ӯ Алӣ Бобоев, довари дараҷаи байнулмилалӣ, Корманди шоситаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҷумҳурӣ, ки тӯли солҳои 1994-2000 федератсияро роҳбарӣ мекард, ноиби президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб гардид», – гуфтанд дар Федератсия.

Зимнан зикр гардид, ки устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ, қаҳрамони чандинкаратаи Тоҷикистон, ғолиби Чемпионати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сироҷиддин Исмоилов директори иҷроияи Федератсия интихоб шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.