Вазъи солимии консули тоҷики захмишуда қаноатбахш арзёбӣ мешавад



Табибон вазъи солимии консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудиро, ки ба автомашинаи ӯ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта буд, қаноатбахш арзёбӣ мекунанд.

Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки консулро табибони ҷопонӣ дар яке аз дармонгоҳҳои музофоти Қундуз ҷарроҳӣ кардаанд. «Ҷарроҳӣ муваффақона анҷом ёфта, айни замон Рустам Маҳмудӣ худро хуб ҳис мекунад», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 16-уми май дар музофоти Бадахшони Афғонистон шахсони номаълум ба автомашинаи консули тоҷик

аз силоҳ оташ кушоданд

, ки бар асари он дипломат захмӣ шуд.

Ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Афғонистон мавриди тафтиш қарор дорад. То ҳанӯз ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кобул сафоратхонаи Тоҷикистон ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.

spot_imgspot_img

Популярное