Соҳибкорони Суғд роҳҳои афзошиши ҳаҷми содиротро меомӯзанд.



Соҳибкорони вилояти Суғд усулҳои рушди иқтидори содиротии худро дар семинаре, ки 21-23 май дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад, меомӯзанд.

Тавре аз шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар доданд, барномаи омӯзишии зерин аз ҷониби лоиҳаи ЮСАИД оид ба рушди савдо ва даромади Афғонистон (ATAR) ва Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид (UNDP) Лоиҳаи Мусоидат ба савдо (Aid for Trade) ташкил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, яке аз ҳадафҳои асосии барномаҳои ЮСАИД ва Барномаи Рушди СММ вусъат додан ва беҳтар намудани савдо ва содирот дар минтақа, тавассути ҷалби бахши хусусӣ, ба роҳ мондани робитаҳои корӣ, аз ҷумла муайян кардани имкониятҳои истифоданашудаи савдо мебошад.

Гуфта мешавад, семинар мавзуҳои зеринро фаро мегирад: маркетинги содиротӣ тавассути  омӯзиши мисолҳои алоҳида, таъсири савдо ва сармоягузорӣ ба инкишофи иқтисодӣ, мисолщои амалӣ барои рушди содирот барои ширкатҳо, муколамаи бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ баҳри беҳтарнамоии рақобатнокии содиротӣ.

Қобили зикр аст, ки семинар бо дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд барпо гашта, дар он зиёда аз сӣ нафар соҳибкорони соҳаҳои мухталиф, аз он ҷумла саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, бофандагӣ ва масолеҳи сохтмонӣ иштирок мекунанд. 

spot_imgspot_img

Популярное