Ҳукуматдорон пешниҳоди афви иштирокчиёни бетартибиҳо дар Хоруғро рад карданд



Рӯзи якшанбе зимни вохӯрии комиссияи муштарак оид ба таҳқиқи рӯйдодҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ дар ҳайати намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ пешниҳоди афви иштирокчиёни бетарибиҳо дар маркази маъмурии ВМКБ рад карда шуд. Дар ин бора  «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.

«Ҳама гуна ҷиноят сарфи назар аз ҷониби кӣ содир шуданаш, бояд муҷозот шавад ва мавқеи комиссияи ҳукумат дар он ифода ёфта, аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо фаҳмиш пазируфта шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати гурӯҳи кории ҳукумат оид ба таҳқиқи ҳодисаи ахир дар Хоруғ аз сардори Раёсати тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнини Проокуратураи генералии ҶТ Ҷамшед Сангов, муфаттишони Прокуратураи генралӣ Баҳодур Амонбеков, Абдулоиқ Мирзоев ва Набиҷон Набиев иборат буда, ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ кардаанд.

Ахири ҳафтаи сипаришуда Шӯрои куҳансолон, модарон ва ташкилотҳои расмии ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии вилоят

муроҷиатнома қабул карданд

, ки дар он дархост мешавад, ки минбаъд ба ноамн шудани вазъ дар қаламрави шаҳри Хоруғ роҳ дода нашавад.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бошад, ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар робита ба ин масъала,

изҳорот қабул намуда

, дар он рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми май дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд.

Бино ба маълумоти Раёсати КДАМ дар ВМКБ, шаби ҷумъа ба шанбе зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

spot_imgspot_img

Популярное