Ҳукуматдорон пешниҳоди афви иштирокчиёни бетартибиҳо дар Хоруғро рад карданд

Рӯзи якшанбе зимни вохӯрии комиссияи муштарак оид ба таҳқиқи рӯйдодҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ дар ҳайати намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ пешниҳоди афви иштирокчиёни бетарибиҳо дар маркази маъмурии ВМКБ рад карда шуд. Дар ин бора  «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод. «Ҳама гуна ҷиноят сарфи назар аз ҷониби кӣ содир […]

Аваз Юлдошев



Рӯзи якшанбе зимни вохӯрии комиссияи муштарак оид ба таҳқиқи рӯйдодҳои рӯзи 21-уми май дар Хоруғ дар ҳайати намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ пешниҳоди афви иштирокчиёни бетарибиҳо дар маркази маъмурии ВМКБ рад карда шуд. Дар ин бора  «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.

«Ҳама гуна ҷиноят сарфи назар аз ҷониби кӣ содир шуданаш, бояд муҷозот шавад ва мавқеи комиссияи ҳукумат дар он ифода ёфта, аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо фаҳмиш пазируфта шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳайати гурӯҳи кории ҳукумат оид ба таҳқиқи ҳодисаи ахир дар Хоруғ аз сардори Раёсати тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнини Проокуратураи генералии ҶТ Ҷамшед Сангов, муфаттишони Прокуратураи генралӣ Баҳодур Амонбеков, Абдулоиқ Мирзоев ва Набиҷон Набиев иборат буда, ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ-ро Музаффар Муборакшоев, ҳуқуқшинос Фаромӯз Эргашев, нафақахӯр Бахтовар Бахтиёров ва шаҳрванди бекор Хурсанд Мамадшоев намояндагӣ кардаанд.

Ахири ҳафтаи сипаришуда Шӯрои куҳансолон, модарон ва ташкилотҳои расмии ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии вилоят

муроҷиатнома қабул карданд

, ки дар он дархост мешавад, ки минбаъд ба ноамн шудани вазъ дар қаламрави шаҳри Хоруғ роҳ дода нашавад.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта бошад, ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар робита ба ин масъала,

изҳорот қабул намуда

, дар он рӯйдодҳои хунини рӯзи 21-уми май дар шаҳри Хоруғро иқдоми тарҳрезишудаи мақомоти интизомӣ арзёбӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21-уми май дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ як сокини шаҳри Хоруғ кушта ва 6 нафари дигар захмӣ шуданд, ки ду нафарашон баъдтар дар бемористон ба ҳалокат расиданд. Як корманди милиса – Давид Ниёзбеков низ ҳалок шуд. Биноҳои Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ, суди вилоят ва прокуратура ба коми оташ рафтанд.

Бино ба маълумоти Раёсати КДАМ дар ВМКБ, шаби ҷумъа ба шанбе зимни ҳамла ба бинои Раёсати КДАМ сокини 20-солаи шаҳри Хоруғ Азамат Паллаев кушта ва боз ду нафар сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.