Сафари нахустини муовини раиси КБСС ба Тоҷикистон

Кристин Берлӣ, муовини раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), рӯзи якшанбеи 25 май, барои аввалин сафари худ ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе гашт. Бино ба иттилои баёнияи хабарии КБСС дар Тоҷикистон, дар давоми сафар ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати гуфтугӯ дар мавриди фаъолиятҳои феълии КБСС ва дурнамои […]



Кристин Берлӣ, муовини раиси Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), рӯзи якшанбеи 25 май, барои аввалин сафари худ ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе гашт.

Бино ба иттилои баёнияи хабарии КБСС дар Тоҷикистон, дар давоми сафар ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҷиҳати гуфтугӯ дар мавриди фаъолиятҳои феълии КБСС ва дурнамои башардӯстона мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Ба иттилои манбаъ, хонум Берлӣ ҳамчунин бо хонаводаҳои баҳраманд аз кумакҳои иқтисодии КБСС дидор ва мустақиман тарҳҳоеро хоҳад дид, ки ба хонаводаҳои барои дарёфти даромаде пойдор ва муназзам кумак хоҳад кард. Боздид аз Маркази ортопедии Душанбе, ки тавассути Сандуқи вижаи маълулони КБСС пуштибонӣ мешавад, низ баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, илова бар ин, муовини раис аз сохтори КБСС барои пуштибонӣ аз Афғонистон, ки аз сентябри соли 2013 бо мусоидати мақомоти Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, боздид хоҳад кард.

Муовини раиси КБСС гуфтааст: “Ин муҳим аст, ки КБСС ҳамчунон ба мардуми таҳти таъсири авоқиби ношӣ аз даргириҳои гузашта ва дигар шароити хушунатомез кумак намояд. КБСС ҳамчунин мутаъаҳҳид ба тарвиҷи ҳуқуқи байналмилали башардӯстона ва меъёрҳои дигари башардӯстона бо мақомоти давлатии Тоҷикистон аст.”

КБСС намояндагии худро дар Тоҷикистон дар январи соли 1993 дар вокуниш ба ҷанги дохилӣ ифтитоҳ кард.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳоли ҳозир КБСС барномаҳои худро дар кишвар бар асоси салоҳияти худ ва авлавиятҳои аслии башардӯстона дар ҳамоҳангӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ки шарики аслиаш дар кишвар аст, анҷом медиҳад: ҳалли мушкилоте башардӯстона, монанди мин ва афроди гумшуда, омодагӣ барои вокуниш ба шароити изтирорӣ ва ҳамчунин тарвиҷи ҳуқуқи байналмилали башардӯстона ва ҳанҷорҳои дигари башардӯстона. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.