Пешниҳоди Зуҳуров ба ҳамтои покистониаш ҷиҳати суръатбахшӣ ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқро, ки субҳи имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот раисони палатаҳои поёнии парлумони Покистон ва […]



Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқро, ки субҳи имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе омад, ба ҳузур пазируфт.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни мулоқот раисони палатаҳои поёнии парлумони Покистон ва Тоҷикистон масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ ва рушди ҳамкориҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалиро баррасӣ карданд.

«Ш.Зуҳуров ҳамтои покистонии худро бо сохтор ва ваколатҳои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон шинос намуда, зикр кард, ки парлумонҳои ҳарду давлат дар ҳалли мушкилот дар бахшҳои энергетика, коммуникатсия, бахши кишоварзӣ ва ноил гардидан ба сулҳу субот  дар кишвари ҳамсояи Афғонистон нақши муҳим бозида метавонанд», – таъкид дошт Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, Зуҳуров зикр кардааст, ки парлумонҳои Тоҷикистону Покистон барои суръат бахшидан ба амалисозии лоиҳаи CASA-1000, ки транзити нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро таъмин месозад, метавонанд мусоидат намоянд.

« Раиси палатаи поёнии парлумони Покистон қайд кард, ки кишвараш ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистон манфиатдор буда, таъкид дошт, ки тамоми созишномаву қарордодҳои миёни кишварҳо баимзорасида бояд амалӣ шаванд, зеро онҳо пеш аз ҳама, ба рушду Покистон ва Тоҷикистон равона шудаанд», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.