Машваратҳои тиҷоратии БАТР барои корхонаҳо дар Душанбе

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар бораи маъракаи нави коммуникатсионӣ оид ба машваратҳои тиҷоратӣ барои корхонаҳои хурду миёна эълон пахш намуд. Чорабинӣ имрӯз, 26-уми май  соати 16-00 дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар баёнияи хабарии БАТР дар ин робита зикр мегардад, ки бо дастгирии тиҷорати хурду миёна БАТР як қатор воситаҳо, […]

Заррина Эргашева



Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар бораи маъракаи нави коммуникатсионӣ оид ба машваратҳои тиҷоратӣ барои корхонаҳои хурду миёна эълон пахш намуд. Чорабинӣ имрӯз, 26-уми май  соати 16-00 дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе доир мегардад.

Дар баёнияи хабарии БАТР дар ин робита зикр мегардад, ки бо дастгирии тиҷорати хурду миёна БАТР як қатор воситаҳо, аз ҷумла маблағгузории мустақим ё тариқи бонкҳои шарикро пешниҳод намуда, бо истифода аз таҷрибаи мушовирони маҳаллӣ ва коршиносони байнулмилалӣ, ба соҳибкорон дар дастрасӣ ба машваратҳои касбии тиҷоратӣ кӯмак мекунад.

Муаррифии маъракаи иттилоотӣ дар 25 кишвар аз Аврупои Ҷанубӣ-Шарқӣ то Африқои Шимолӣ, Русия ва Осиёи Марказӣ доир мегардад. Дар чорабинӣ кормандони сохторҳои ҳукумат, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, корхонаҳо, ширкатҳои консалтингӣ ва ВАО иштирок мекунанд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамчунин оид ба фаъолияти бонк, лоиҳаҳои муваффақи амалишуда тайи 7 соли ахир низ маълумот дода мешавад.

«БАТР натанҳо маблағгузорӣ пешниҳод мекунад, балки лоиҳаҳо оид машваратҳои тиҷоратиро дастгирӣ намуда, ба рушду густариши корхонаҳои хурду миёна ва ба таркиби муҳими иқтисоди кишвар ва тамоми минтақа ноил гардидани онҳо кумак мерасонад», – иброз доштааст дар ин робита раиси Дафтари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Ричард Ҷоунс.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.