Дар қабулгоҳи вилояти Маскав 50 шаҳрванди Тоҷикистон истирдодро интизоранд

Зимни сафари шиносоии ҳайати Тоҷикистон ба Русия аз 18 то 25-уми май дар доираи лоиҳаи Дастгоҳи иҷроияи президент оид ба таҳкими имконоти хадамоти муҳоҷират ошкор гардид, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии ноҳияи Егоревски вилояти Маскав 50 шаҳрванди Тоҷикистон истирдод ба ватанро интизоранд. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли […]

Аваз Юлдошев



Зимни сафари шиносоии ҳайати Тоҷикистон ба Русия аз 18 то 25-уми май дар доираи лоиҳаи Дастгоҳи иҷроияи президент оид ба таҳкими имконоти хадамоти муҳоҷират ошкор гардид, ки дар тавқифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷии ноҳияи Егоревски вилояти Маскав 50 шаҳрванди Тоҷикистон истирдод ба ватанро интизоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, ҳадафи сафар таҳкими ҳамкорӣ дар масоили танзими муҳоҷирати корӣ, табодули таҷриба ва маълумоти оморӣ миёни мақомоти муҳоҷирати кишварҳо ва ошно гардидан бо шароит ва навгониҳо дар фаъолияти сохторҳои дахлдори марбут ба муҳоҷирати Русия аст.

«Зимни боздид аз тавқифгоҳи мувақкатии ноҳияи Егоревск маълум шуд, ки дар ин ҷо дар баробари шаҳрвандони дигар кишварҳо 50 шаҳрванди Тоҷикистон низ будубош доранд, ки бо қарори суд ба қонуншикании маъмурӣ дар бахши муҳоҷират айбдор дониста шуда, бояд ба ватан истирдод шаванд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли вай, намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон бо шароитҳои нигаҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон ошно гардида, бо онҳо суҳбат кардаанд. «Ба гуфти муҳоҷирон, шароити ин тавқифгоҳ қаноатбахш буда, бошандагони он се вақт бо ғизо ва шароитҳои зарурии санитарӣ таъминанд. Пас аз анҷоми тартиби барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо онҳо ба ватан фиристода мешаванд», – гуфт Аҳмадов.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни суҳбат муҳоҷирон аз намояндагони мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки онҳоро бо телевизион таъмин кунанд. «Дар посух кормандони намояндагиии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ваъда доданд, ки рӯзҳои наздик дархосташон қаноатбахш карда мешавад», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.