АНМН: Мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ

Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як миқдор силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мусодира намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар хонаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми азназаргузаронӣ аз махфигоҳ 1 адад автомати Калашников, 231 адад тирҳои автомати қутрашон […]



Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як миқдор силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар хонаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми азназаргузаронӣ аз махфигоҳ 1 адад автомати Калашников, 231 адад тирҳои автомати қутрашон 7,62 мм, 1 адад шашкаи тротилии вазнаш 100 гр, 2 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва Ф-1, 2 адад тарконакҳои УЗРГМ ва 1 адад корди махсус бо ғилофаш дарёфт ва мусодира намуданд.

Гуфта мешавад, айни замон тафтишот идома дошта, сарчашмаи ба даст овардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ муайян шуда истодааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.