Раҳмон марзбононро бо иди касбиашон табрик кард

Дар майдони марказии «Дӯстӣ»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми май ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ  гузашти низомии […]



Дар майдони марказии «Дӯстӣ»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми май ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ  гузашти низомии пуршукӯҳ доир гардид.

Зимни суханронӣ назди иштирокчиёни гузашт президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 28-уми майи соли 1994, «замони идомаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва ҳангоме ки ҳукумат барои муҷаҳҳаз сохтани тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ аз имконоти иқтисодиву молии маҳдуд бархӯрдор буд, таъсис дода шуд».

«Имрӯз бо кӯшишу мусоидати ҳукумати кишвар нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон яке аз таркибҳои муҳими Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ маҳсуб меёбанд», – гуфт президент.

Дар идома сарвари давлат аз хизматчиёни ҳарбии кишвар даъват ба амал овард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳои дунё ҷасуронаву мардона аз манфиатҳову муқаддасоти мардуми тоҷик ҳимоя кунанд.

Ба гузашт фармондеҳи гарнизони Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзминшоев роҳбарӣ карда, гузаштро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.