Шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як миқдор силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ мусодира намуданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ дар хонаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ҳангоми азназаргузаронӣ аз махфигоҳ 1 адад автомати Калашников, 231 адад тирҳои автомати қутрашон 7,62 мм, 1 адад шашкаи тротилии вазнаш 100 гр, 2 адад норинҷаки дастии РГД-5 ва Ф-1, 2 адад тарконакҳои УЗРГМ ва 1 адад корди махсус бо ғилофаш дарёфт ва мусодира намуданд.
Гуфта мешавад, айни замон тафтишот идома дошта, сарчашмаи ба даст овардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ муайян шуда истодааст.



