Раиси ВМКБ: Бадахшон қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст



Ахири ҳафтаи сипаришуда Шӯрои куҳансолон, модарон ва ташкилотҳои расмии ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии вилоят муроҷиатнома қабул карданд, ки дар он дархост мешавад, ки минбаъд ба ноамн шудани вазъ дар қаламрави шаҳри Хоруғ роҳ дода нашавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ВМКБ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин муроҷиатномаи раиси вилоят Шодихон Ҷамшедов ба аҳолии вилоят ва дигар шаҳрвандони ҶТ низ интишор шудааст. «Рӯйдодҳои ахири Хоруғ аз ҷониби васоити ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ якҷонибаву аз рӯи ғараз ва носаҳеҳ инъикос гардида, ҳамаи он ба овозаҳое, ки аз ҷониби бадхоҳони вилоят ва ҷиноятпешагон паҳн мегарданд, асос ёфтааст», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Ба гуфти манбаъ, дар муроҷиатномаи раиси ВМКБ зикр мегардад, ки Бадахшон худро қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мешуморад ва аксарияти кулли аҳолии вилоят сиёсати ҳукумати маҳаллӣ ва президенти мамлакатро дастгирӣ мекунанд.

Дар идома қайд шуд, ки барои таҳқиқи ҳодисаи ахир дар Хоруғ комиссияи муштараки ҳукумат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ таъсис дода шуда, айни замон пешакӣ гунаҳкор кардани як тараф дар амалҳои ғайриқонунӣ барвақт аст.

Зимнан зикр гардид, ки ахири ҳафтаи гузашта назди бинои ҳукумати вилоят боз сокинони шаҳр ҷамъ омада, вале гирдиҳамойӣ накардаанд. «Шумораи онҳо дар муқоиса бо издиҳоми ҷамъомада дар назди бинои ҳукумати вилоят рӯзҳои 22-23-юми май бамаротиб камтар буд», – афзд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное