Раиси Ассамблеяи миллии Покистон ба Душанбе омад

Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф овард. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар фурудгоҳи байнулмилали пойтахт меҳмони олиқадрро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев истиқбол кард. «Нимаи дуюми имрӯз дидору гуфтушуниди Сардор […]



Раиси Ассамблеяи миллӣ (палатаи поёнии парлумон)-и Покистон Сардор Аёз Содиқ имрӯз бо сафари расмии дурӯза ба Душанбе ташриф овард.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар фурудгоҳи байнулмилали пойтахт меҳмони олиқадрро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Амиршо Миралиев истиқбол кард.

«Нимаи дуюми имрӯз дидору гуфтушуниди Сардор Аёз Содиқ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва котиби Шӯрои амнияти ҶТ Абдураҳим Қаҳҳоров дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, раиси палатаи поёнии парлумони Покистон пагоҳ бо вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода вохӯрда, аз нерӯгоҳи обӣ-барқии «Норак» боздид мекунад.

«Дар дидору гуфтушунидҳои зикршуда ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон ва ҳамчунин масоили таъмини амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд», – афзуд Султонов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.