Раиси ВМКБ: Бадахшон қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст

Ахири ҳафтаи сипаришуда Шӯрои куҳансолон, модарон ва ташкилотҳои расмии ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии вилоят муроҷиатнома қабул карданд, ки дар он дархост мешавад, ки минбаъд ба ноамн шудани вазъ дар қаламрави шаҳри Хоруғ роҳ дода нашавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ВМКБ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин муроҷиатномаи раиси вилоят […]



Ахири ҳафтаи сипаришуда Шӯрои куҳансолон, модарон ва ташкилотҳои расмии ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии вилоят муроҷиатнома қабул карданд, ки дар он дархост мешавад, ки минбаъд ба ноамн шудани вазъ дар қаламрави шаҳри Хоруғ роҳ дода нашавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси ВМКБ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин муроҷиатномаи раиси вилоят Шодихон Ҷамшедов ба аҳолии вилоят ва дигар шаҳрвандони ҶТ низ интишор шудааст. «Рӯйдодҳои ахири Хоруғ аз ҷониби васоити ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ якҷонибаву аз рӯи ғараз ва носаҳеҳ инъикос гардида, ҳамаи он ба овозаҳое, ки аз ҷониби бадхоҳони вилоят ва ҷиноятпешагон паҳн мегарданд, асос ёфтааст», – баён мегардад дар муроҷиатнома.

Ба гуфти манбаъ, дар муроҷиатномаи раиси ВМКБ зикр мегардад, ки Бадахшон худро қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мешуморад ва аксарияти кулли аҳолии вилоят сиёсати ҳукумати маҳаллӣ ва президенти мамлакатро дастгирӣ мекунанд.

Дар идома қайд шуд, ки барои таҳқиқи ҳодисаи ахир дар Хоруғ комиссияи муштараки ҳукумат ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ таъсис дода шуда, айни замон пешакӣ гунаҳкор кардани як тараф дар амалҳои ғайриқонунӣ барвақт аст.

Зимнан зикр гардид, ки ахири ҳафтаи гузашта назди бинои ҳукумати вилоят боз сокинони шаҳр ҷамъ омада, вале гирдиҳамойӣ накардаанд. «Шумораи онҳо дар муқоиса бо издиҳоми ҷамъомада дар назди бинои ҳукумати вилоят рӯзҳои 22-23-юми май бамаротиб камтар буд», – афзд сарчашмаи хабар.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.