Вазорати мудофиа сафарбарии нерӯҳои иловагӣ ба Хоруғро рад мекунад

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти чанде аз васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ дар бораи тариқи чархбол ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ сафарбар намудани беш аз 100 нафар сарбозону афсарони вазоратро рад кард. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба […]



Вазорати мудофиаи Тоҷикистон маълумоти чанде аз васоити ахбори умумии ватаниву хориҷӣ дар бораи тариқи чархбол ба маркази маъмурии ВМКБ – шаҳри Хоруғ сафарбар намудани беш аз 100 нафар сарбозону афсарони вазоратро рад кард.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имрӯз барои интиқоли нерӯҳои иловагӣ ба шаҳри Хоруғ ҳеҷ зарурате нест. «То ҷое ман огаҳам, имрӯз вазъ дар Хоруғ пурра таҳти назорати сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят қарор дорад», – гуфт Маҳмадалиев.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Ҷалолиддин Садриддинов низ

изҳор намуда буд

, ки  ба фиристодани нерӯ ва воситаҳои иловагии сохторҳои қудратӣ ба шаҳри Хоруғ барои таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳеҷ зарурате нест.

Дар ҳамин ҳол, аз хадамоти матбуоти раиси ВМКБ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳеҷ гуна гирдиҳамойӣ ба мушоҳида намерасад ва шаб оромона сипарӣ шудааст. «Қаблан дар майдони марказии шаҳр ҳеҷ гуна гирдиҳамойиву издиҳоми мардум ба мушоҳида нарасида, барои таҳқиқи ҳодисаи ахир дар Хоруғ комиссияи муштараки ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ таъсис дода шуд, ки имрӯз ба кор шурӯъ мекунад», – гуфтанд дар хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.