Маркази Душанбе дар интизории гузашти низомӣ

Имрӯз соати 10:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми май ҷашн гирифта мешавад,  гузашти низомӣ доир мегардад. Дар гузашти низомӣ беш аз 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин […]



Имрӯз соати 10:00 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба ифтихори 20-умин солгарди таъсисёбии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми май ҷашн гирифта мешавад,  гузашти низомӣ доир мегардад.

Дар гузашти низомӣ беш аз 10 ҳазор нафар сарбозону афсарони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ, ВКД, Вазорати мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Гвардияи миллии Тоҷикистон ва ҳамчунин Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ба гузашт фармондеҳи гарнизони Душанбе генерал-майор Бахтиёр Рӯзминшоев роҳбарӣ карда, гузаштро фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ қабул мекунад.

Дар назди иштирокчиёни гузашт сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи якшанбе аз Беларус ба Душанбе баргашт, суханронӣ мекунад.

Дар робита ба гузашти низомӣ аз субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёт дар маркази пойтахт маҳдуд карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.