Ҳалокати собиқ муовини раиси пойтахт дар садамаи нақлиёт

Шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, автомашинаи хизматии Оев, ки ахиран ба ҳайси проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият дошту онро ронанда, сокини 24-солаи […]



Шоми рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе Хуҷанд дар қаламрави ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, автомашинаи хизматии Оев, ки ахиран ба ҳайси проректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон фаъолият дошту онро ронанда, сокини 24-солаи пойтахт Умед Бақоев идора мекард, ба дарёи Варзоб чаппа шудааст. Дар натиҷа А.Оев, декани Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Турсунови 53-сола ва Облоқул Сангинови 59-сола дар дарё ғарқ шудаанд.

Гуфта мешавад, ронадаи автомашина У.Бақоев ва мусофири дигари он – шаҳрванди 50-солаи Русия, проректори Донишгоҳи давлатии Братск Владимри Кашуба аз дохили дарё сиҳату саломат баромадаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷасади шаҳрвандон Оев А.М. ва Сангинов О.К. аз дарё бароварда шуда, барои дарёфти ҷасади шаҳрванд Турсунов А.А. аз ҷониби ҳайати шахсии ШВКД дар ноҳияи Варзоб дар якҷоягӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир А.Оев ба ҳайси муовини раиси шаҳри Душанеб ифоаи вазифа намуда, ба масъалаҳои нақлиёт ва коммуникатсия дар мақомоти шаҳрдории пойтахт масъул буд, вале ахири соли гузашта ба истеъфо рафта буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.