Ду мактаби Душанбе барои кӯдакони қобилияташон маҳдуд дастрас шуд

Дар ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои кӯдакони қобилияташон маҳдуд таҷҳизоти махсус гузошта шуд. Ин иқдом аз ҷониби Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон дар доираи барномаи «Ҳаёт бидуни монеъа» сурат гирифт. Рӯзҳои 24-уми май ва 2-юми июн Ассотсиатсияи Ҷопон корҳои таҷдиду насб дар мактабҳои №72 ва №28-ро ба итмом расонид. Акнун дар ин […]

ASIA-Plus



Дар ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе барои кӯдакони қобилияташон маҳдуд таҷҳизоти махсус гузошта шуд. Ин иқдом аз ҷониби Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон дар доираи барномаи «Ҳаёт бидуни монеъа» сурат гирифт.

Рӯзҳои 24-уми май ва 2-юми июн Ассотсиатсияи Ҷопон корҳои таҷдиду насб дар мактабҳои №72 ва №28-ро ба итмом расонид. Акнун дар ин мактабҳо кӯдакони қобилияташон маҳдуд бидуни душворӣ таҳсил карда метавонанд. Дар мактабҳои мазкур барои онҳо таҷҳизоти махсуси истифода аз зинапояҳо насб карда шуданд.

Дар Ассотсиатсияи Ҷопон умедворанд, ки чунин таҷҳизот дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ҳар як толибилми қобилияташ маҳдуд барои истифодаи имконоту истеъдодаш зимни таҳсил бо ҳамсолонаш шароити мусоид фароҳам меоварад.

Чорабиниҳои таъмир ва азнавсозии мактабҳо яке аз қисматҳои лоиҳаи бурсии ҳаштмоҳа оид ба таълимоти фарогир (инклюзивӣ)-и кӯдакони қобилияташон маҳдуди шаҳри Душанбе мебошад, ки бо дастгирии ҳукумати Ҷопон амалӣ шуд.

Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Ҷопон созмони ғайриҳукуматӣ мебошад. Дар Тоҷикистон Ассотсиатсия аз соли 2001 фаъолият дошта, ҳадаф аз амалисозиии барномаҳояш беҳбуд бахшидан ба ҳаёти одамони қобилияташон маҳдуд аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.