Дар вилояти Суғд падару модари як оила барои монеъ шудан ба таҳсили писарашон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд, нисбати сокини ҷамоати Сабристони ноҳияи Истаравшан, З.А.-и 40-сола мутобиқи моддаи 164, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки З.А. аз моҳи сентябри соли 2013 ба писараш, хонандаи синфи 8-ум барои гирифтани маълумоти умумии ҳатмӣ монеъа эҷод намуда, ӯро ба корҳои хоҷагӣ ҷалб мекардааст. Аз рӯи далели мазкур тафтиш идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати маорифи вилояти Суғд, соли 2013 дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 28 нафар падару модарон барои монеъ шудан ба таҳсили фарзандонашон ҷиҳати гирифтани маълумоти умумии ҳатмӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Дар ҳамин давра барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияву таҳсили фарзандон 338 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда шуданд.



