Нозироти андоз қароргоҳи ҲНИТ дар Кӯлобро муҳр зад



Нозироти молиёт дари қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлобро бастааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ бо такя ба суханони Муҳаммадшариф Набиев, раиси шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, «имшаб бахши кумитаи андоз дар минтақаи Кӯлоб омада, авбошона дари қароргоҳро муҳр задааст».

Ӯ гуфтааст, «қаблан андоз мегуфт, шумо бояд аз қайд гузаред. Аммо бо сабаби он ки мо шуъба ҳастему тобеи марказ ва марказ, ки дар молиёт сабти ном шудааст, гуфтем, шуъбаро ба қайд нахоҳем гирифт. Агар кумита даъво дорад, ба додгоҳ муроҷиат намояд. Вале ин саҳар дари мақарро баста дарёфтем».

Ин ҳам дар ҳолест, ки имрӯз вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо ҷавонони Кӯлоб дар қароргоҳи шуъбаи минтақавии ҳизб бояд баргузор гардад.

Маҳмадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ изҳор доштааст, ки «кумитаи молиёт чунин як ҳуқуқ надорад, зеро масъулини шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб ҳамчун кормандони ҷамъиятии ҳизб фаъолият менамоянд. Онҳо расмӣ нестанд, маош намегиранд». Ба гуфтаи ӯ, дар аксари кулли бахшҳои ҲНИТ дар навоҳӣ ин шеваи кор ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳамин хотир Маҳмадалӣ Ҳаит амали нозироти андозро дар Кӯлоб ғайриқонунӣ хонда гуфтааст, «мақомоти андоз ин корро метавонистанд бо роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи судӣ ҳал кунанд. Вале амали мазкур бо дастури мақомот ба хотири монеа эҷод кардан ба вохӯрии ҷавонон бо Муҳиддин Кабирӣ аст, ки идомаи фишорҳо дар доираи «Протоколи 32-20» мебошад, сурат гирифтааст».

Зимнан зикр мегардад, ки чанде қабл идораи амволи шаҳри Кӯлоб бо далели омадани кумиссиюни вилоятӣ ҳуҷҷатҳои қароргоҳи шуъбаро барои омӯзиш бурда будаанд, то паҳлуҳои ҳуқуқии фурӯхта шудани қароргоҳро омӯзанд.

spot_imgspot_img

Популярное