ШВКД Кӯлоб дарёфти афроди ба Кабирӣ ҳамлакардаро ваъда дод



Шоми дирӯз ба Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар бораи аз ҷониби афроди номаълум ба сӯйи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ партофта шудани помидору тухми мурғ ариза ворид гардид.

Сардори ШВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Ҷумъахон Назаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки бо аризаи дахлдор дар ин хусус ба шуъба раҳбари бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Маҳмадшариф Набиев муроҷиат кардааст.

«Ӯ бо ман суҳбат карда, албатта, ман ваъда медиҳам, ки мо ин ҳодисаро таҳқиқ мекунем ва афроди ба Кабирӣ ҳамланамударо дарёфт ва чораҳои зарурӣ меандешем», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 10-уми июн баъд аз анҷоми вохӯрии раиси ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб болои раис ва ҳайати ҲНИТ

ҳамла сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное