Раҳмон Путинро бо солгарди иди миллии Русия табрик кард



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Рӯзи Русия ба унвони президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки «ба ман имрӯз ифтихори бузурге насиб шудааст, ки аз номи мардум ва ҳукумати Тоҷикистон Шумо ва тамоми русиягиҳоро бо таҷлили ҷашни солгарди иди миллии кишваратон табрик бигӯям».

«Бо қаноатмандии зиёд зикр карданиам, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо ҳарчи бештар вусъат меёбанд. Мо ният дорем, ки ҷиҳати истифодаи имконоти ғании муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни давлатҳо минбаъд низ ҳамкориҳо бо Русияро густариш бидиҳем», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин изҳори итминон мекунад, ки кӯшишҳои муштараки дуҷониба натанҳо ба таҳкими ҳамкории шариконаи Тоҷикистону Русия, балки ба суботу пешрафти минтақа низ мусоидат мекунанд ва баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафи нек, Тоҷикистон тамоми имконоти мавҷудаи доштаашро мекунад.

spot_imgspot_img

Популярное