Суғд: Решакан шудани беш аз 38 бех ҳазор ниҳоли бангдона

Тайи дур рӯзи ахир дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» дар вилояти Суғд 38 ҳазору 465 бех ниҳоли худрӯи дорои маводи нашъаовари бангдонаи ҳиндӣ дарёфт ва решакан карда шуд. Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар қаламрави хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – беш аз 2 ҳазор бех, «Дилшод»ва «Мақсудахон»-и ноҳияи […]

Мавлуда Рафиева



Тайи дур рӯзи ахир дар доираи амалиёти «Кӯкнор-2014» дар вилояти Суғд 38 ҳазору 465 бех ниҳоли худрӯи дорои маводи нашъаовари бангдонаи ҳиндӣ дарёфт ва решакан карда шуд.

Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, дар қаламрави хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – беш аз 2 ҳазор бех, «Дилшод»ва «Мақсудахон»-и ноҳияи Конибодом мутаносибан – 2 ҳазор ва 1 ҳазор бех, заминҳои бригадаи №3-и ҶС «Э.Бойматова» – 3 ҳазор бех, заминҳои сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зинат Абдуманнонова – 520 бех, заминҳои сокини ҳамин ноҳия Олим Қобилов – 835 бех ва қаламрави хоҷагии деҳқонии «Пирматов»-и ноҳия мазкур – 2 ҳазору 100 бех ниҳоли бангдонаи худрӯи ҳиндӣ дарёфт ва нобуд карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, муддати 10 рӯз аз оғози амалиёт дар вилояти Суғд 30 ҳазору 257 бех ниҳоли маводи нашъаовари зикршуда дарёфт ва решакан шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки аз аввали моҳи май дар қаламрави вилояти Суғд баргузории амалиёти «Кӯкнор-2014» оғоз гардида, то 30-юми ноябр идома меёбад. Амалиёт аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи 18 шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.