Раҳмон Путинро бо солгарди иди миллии Русия табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Рӯзи Русия ба унвони президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки «ба ман имрӯз ифтихори бузурге насиб шудааст, ки аз номи мардум ва ҳукумати Тоҷикистон Шумо ва тамоми […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди иди миллии Рӯзи Русия ба унвони президенти ин кишвар Владимир Путин барқияи табрикотӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки «ба ман имрӯз ифтихори бузурге насиб шудааст, ки аз номи мардум ва ҳукумати Тоҷикистон Шумо ва тамоми русиягиҳоро бо таҷлили ҷашни солгарди иди миллии кишваратон табрик бигӯям».

«Бо қаноатмандии зиёд зикр карданиам, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо ҳарчи бештар вусъат меёбанд. Мо ният дорем, ки ҷиҳати истифодаи имконоти ғании муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни давлатҳо минбаъд низ ҳамкориҳо бо Русияро густариш бидиҳем», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин изҳори итминон мекунад, ки кӯшишҳои муштараки дуҷониба натанҳо ба таҳкими ҳамкории шариконаи Тоҷикистону Русия, балки ба суботу пешрафти минтақа низ мусоидат мекунанд ва баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафи нек, Тоҷикистон тамоми имконоти мавҷудаи доштаашро мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.