Боздошти гумонбарони ҳамла ба Кабирӣ дар Кӯлоб

Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб ду нафар гумонбаршудагон ба амали майдавбошӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки ки санаи 10-уми июн содир гардида буд, боздошт намуданд. Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки боздоштшудагон сокинони Кӯлоб набуда, парвандаи маъмурии нисбати онҳо оғозгардида аллакай ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода […]

ASIA-Plus



Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб ду нафар гумонбаршудагон ба амали майдавбошӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки ки санаи 10-уми июн содир гардида буд, боздошт намуданд.

Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки боздоштшудагон сокинони Кӯлоб набуда, парвандаи маъмурии нисбати онҳо оғозгардида аллакай ҷиҳати баррасӣ ба суд фиристода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки

санаи 10-уми июн

ҳангоми аз дафтари кории ҳизб ба берун баромадани раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар Кӯлоб, чанд нафаре ба сӯи ӯ тухми мурғу помидор партофтанд.

Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ

изҳороти расмӣ

интишор намуд.

Дар ҲНИТ ҳамчунин зикр карданд, ки субҳи рӯзи 10-уми июн қабл аз вохӯрии раиси ҲНИТ бо ҷавонон, кормандони нозироти андози Кӯлоб дарҳои дафтари кории ҳизбро муҳр задаанд ва аз ин рӯ, лозим омадааст, ки вохӯриро дар манзили раиси шуъбаи ҳизб дар шаҳри Кӯлоб Муҳаммадшариф Набизода гузаронанд. Бино ба маълумоти ҲНИТ, дар вохӯрӣ беш аз 150 нафар намояндагони ҷавонони шаҳр ҳузур доштаанд.

«Пас аз вохӯрӣ назди даромадгоҳи дар гурӯҳи занону мардони иборат аз 15 нафар ба сӯйи Кабирӣ помидору тухм ва санг партофтанд ва бо алфози қабеҳ ӯро дашном доданд. Онҳо аъзои ҳизбро ба сар задани ҷанги шаҳрвандии аввали солҳои 90-уми ва кӯшиши имрӯз ноамн кардани вазъи ҷумҳурӣ айбдор мекарданд», – ҳикоят кард сухангӯи ҲНИТ.

Намояндагони ҳизб таҳти раҳбарии Муҳиддин Кабирӣ макони ҳодисаро саривақт тарк карда натавонистанд, зеро роҳи онҳоро автомашинаҳои дорои рақамҳои давлатии 63 66, 43 44, 33 22 банд карда буданд.

«Ҳангоме ки чанде аз аъзои ҳизб кӯшиш карданд, ки воқеъаро тариқи видео наворбардорӣ кунанд, издиҳом ба онҳо дарафтода, планшети яке аз намояндагони ҳизбро шикаст. Мо аз мақомоти корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб таҳқиқи ҳодисаро талаб хоҳем кард», – гуфтанд дар ҲНИТ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.