Аз оғози моҳи июни соли 2014 қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ба андозаи 0,1% коҳиш ёфт.
Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, имрӯз қурби бозории хариди 1 доллари ИМА ба ҳисоби миёна 5,09 сомонӣ ва фурӯш – 5,11 сомониро ташкил медиҳад.
Феълан қурби фурӯши миёнаи долл. ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба 5,11 сомонӣ, Қӯрғонтеппа ба 5,12 сомонӣ, Кӯлоб – 5,10 сомонӣ ва Хоруғ – 5,05 сомонӣ баробар аст.
Қурби расмии доллари ИМА, ки ҳамарӯза аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, баръакс нисбат ба аввали моҳи июн (4,91 сомонӣ) боло рафта, имрӯз 4,92 сомониро ташкил медиҳад.
Қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ ва евро низ андаке паст шуда, ба 0,1452-0,1462 сомонӣ барои як рубли русӣ ва 6,9130-6,9390 сомонӣ барои як евро баробар шуд.



