Рӯзи 17-уми июн дар шаҳри Душанбе оид ба табодули таҷрибаи пешқадам дар бахши ҳамкории энергетикӣ конфронси минтақавӣ доир мегардад.
Созмондиҳандагони конфронс Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Дафтари Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА ва Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошанд.
Дар конфронс ба масоили марбут ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар бахши энергетика, истеҳсолот, қарордодҳо оид ба транзит ва ҳамчунин моделҳои муваффақ барои рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалахои сарчашмаҳои барқароршавандаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Дар чорабинии мазкур ҳамчунин атрофи масъалаҳои асосҳои дипломатияи энергетикӣ ва мусоидати он ба бунёди таҳкурсӣ ҷиҳати тавсеъаи муколама оид ба таъсиси «Маркази дипломатияи энергетикӣ» дар Тоҷикистон дар соли 2015 таҳти сарпарастии ҳукумати Тоҷикистон ва Дафтари САҲА табодули назар сурат мегирад.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс меҳмононро бо суханронии шодбошӣ вазири энергетика ва захирахои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода, муовини нахуствазири ҶТ Азим Иброҳим ва роҳбари Дафтари САҲА дар ҶТ Маркус Мюллер хайрамақдам мегӯянд.



