Кумитаи андоз пардохти 14 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҲНИТ-ро тақозо дорад



Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон пардохти 14 ҳазор маблаги ҷарима аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикисон тақозо намуд.

Тавре сухангӯи ҲНИТ Маҳмудҷон Файзраҳмонов иттилоъ дод, рӯзи12-уми июни соли равон Раёсати андози ноҳияи Шӯрообод Муҳаммадишо Ҷомиев, раиси бахши ҲНИТ дар ин ноҳияро ба дафтари кумитаи мазкур даъват карда, огоҳиномаи кумитаро, ки тибқи он бояд бахши ҲНИТ дар ноҳияи мазкур 14 ҳазор сомонӣ ҷарима бипардозад, ба ӯ медиҳанд.

Дар матни огоҳинома гуфта мешавад: «Нозироти андоз дар ноҳияи Шӯрообод Шуморо огоҳ менамояд, ки мутобиқи қисми яки моддаи 25-и Кодекси андози ҶТ Шумо бояд ҳамчун андозсупоранда рақами мушаххаси андозсупоранда гирифта, аз қайди нозироти андоз мегузаштед. Бинобар аз сабаби аз қайд нагузаштан дар Нозироти андоз, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мутобиқи моддаи 603 300 (сесад) нишондиҳанда ба маблағи 12000 (дувоздаҳ ҳазор) сомонӣ барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Ба шахси мансабдор ба андозаи 50 (панҷоҳ) нишондиҳанда ба маблағи 2000 (ду ҳазор) сомонӣ барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад».

Ба гуфтаи манбаъ, худи ҳамон рӯз яке аз фаъолон ва узви ҲНИТ Дилшод Ғаффоров, ки дар вохӯрии раиси ҳизб дар Кӯлоб ҳузур доштааст, ба шуъбаи корҳои дохилӣи ноҳия «барои суҳбат» даъват карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки

 санаи 10-уми июн 

ҳангоми аз дафтари кории ҳизб ба берун баромадани раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар Кӯлоб, чанд нафаре ба сӯи ӯ тухми мурғу помидор партофтанд.

Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ 

изҳороти расмӣ

 интишор намуд.

Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб изҳор намуданд, ки ду нафар гумонбаршудагон ба амали майдавбошӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки санаи 10-уми июн содир гардида буд,

боздошт намуданд.

 

spot_imgspot_img

Популярное