Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» корҳои таъмиру азнавсозии қитъаҳои лӯлаи газ дар вилоятҳои Суғду Хатлонро оғоз намуд.
Аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки сарфи назар аз интиқол шудан ё нашудани газ, корҳои таъмиру барқароркунии хатҳои шоҳроҳии лӯлаҳои газ ҳамасола гузаронида мешаванд.
«Лӯлаҳои газ бояд ҳамеша дар ҳолати коршоям бошанд, зеро агар Ӯзбекистон ба интиқоли газ ба Тоҷикистон розӣ шавад, мо бояд бидуни таъхир онро амалӣ созем, – гуфтанд дар корхона.
Қобили зикр аст, ки корҳои таъмиру барқароркунӣ ва азнавсозии лӯлаҳои газ на аз ҳисоби маблағҳои «Тоҷиктрансгаз», балки аз ҳисоби воситаҳои буҷетӣ анҷом дода мешаванд. «Маблағи ин корҳо дар қитъаи лӯлаҳои гази вилояти Суғд 285,4 ҳазор ва Хатлон – 621 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд», – гуфт манбаъ.
Ҳамасола барои таъмиру азнавсозӣ ва барқароркунии лӯлаҳои интиқоли газ аз буҷети кишвар ба сифати маблағгузории асосии мутамарказ аз буҷети ҷумҳурӣ ҳудуди 1 млн. сомонӣ воситаҳо ҷудо мегарданд.
Ёдрас мекунем, ки интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон соли 2012 қатъ гардид. Гуфтушунидҳои солҳои 2012, 2013 ва 2014 оид ба ин масъала ҳеҷ натиҷае ба бор наоварданд.



