Тоҷикистону ИМА масоли мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд



Рӯзи 13-уми июни соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Фатема Сумарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Дар бораи ҷузъиёти дигари мулоқот маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз моҳи марти соли 2014 хонум Фатема Сумар аз ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон боздид намуд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, санаи 10-уми июн зимни мулоқоти Сумар дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, аз ҷумла лоиҳаҳои зербинои минтақавӣ баррасӣ шуда, атрофи тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои шарикии дуҷониба дар самтҳои гуногун ва мушкилоти муҳими байнулмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафйн табодули назар сурат гирифтааст.

«Туркманистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дошта, дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии СММ мунтазам дар соҳаи таъмини амнияти марзҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Оқибатҳои коҳиши нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон яке аз масъалаҳои калидӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ мешаванд», – зикр мегардад дар иттилои ВАО-и Туркманистон.

Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, дар ин кишвар хонум Фатема Сумар дар кори конфронс бахшида ба ташаббуси «Алматы консенсус», ки аз 11 то 13-уми июн баргузор шуд, ширкат варзидааст. 

spot_imgspot_img

Популярное