Тоҷикистону ИМА масоли мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд

Рӯзи 13-уми июни соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Фатема Сумарро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Дар бораи ҷузъиёти дигари мулоқот маълумот […]

ASIA-Plus



Рӯзи 13-уми июни соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Муовини ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ хонум Фатема Сумарро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ шуданд. Дар бораи ҷузъиёти дигари мулоқот маълумот дода намешавад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз моҳи марти соли 2014 хонум Фатема Сумар аз ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон боздид намуд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, санаи 10-уми июн зимни мулоқоти Сумар дар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон, аз ҷумла лоиҳаҳои зербинои минтақавӣ баррасӣ шуда, атрофи тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои шарикии дуҷониба дар самтҳои гуногун ва мушкилоти муҳими байнулмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафйн табодули назар сурат гирифтааст.

«Туркманистон бо Афғонистон марзи тӯлонӣ дошта, дар пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти сарпарастии СММ мунтазам дар соҳаи таъмини амнияти марзҳо чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Оқибатҳои коҳиши нерӯҳои низомии эътилофи байнулмилалӣ дар Афғонистон яке аз масъалаҳои калидӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ мешаванд», – зикр мегардад дар иттилои ВАО-и Туркманистон.

Тибқи маълумоти васоити ахбори умуми Қазоқистон, дар ин кишвар хонум Фатема Сумар дар кори конфронс бахшида ба ташаббуси «Алматы консенсус», ки аз 11 то 13-уми июн баргузор шуд, ширкат варзидааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.