Навори видеоии иштирокчии эҳтимолии ҳамла ба Кабирӣ дар Facebook

Дар шабакаи иҷтимоии Facebook навори видеойӣ бо иштирокчии эҳтимолии ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ интишор шуд. Навори видеойӣ аз ҷониби корбари шабакаи иҷтимоии мазкур Ҷамшед Наҷмиддинов санаи 12-уми июн гузошта шудааст. Наҷмиддинов тасдиқ мекунад, ки марди дар навори видео сабтшуда яке аз нафароне мебошад, ки ба сӯи Кабирӣ помидору тухм партофтааст. […]

ASIA-Plus



Дар шабакаи иҷтимоии Facebook навори видеойӣ бо иштирокчии эҳтимолии ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ интишор шуд.

Навори видеойӣ аз ҷониби корбари шабакаи иҷтимоии мазкур Ҷамшед Наҷмиддинов санаи 12-уми июн гузошта шудааст. Наҷмиддинов тасдиқ мекунад, ки марди дар навори видео сабтшуда яке аз нафароне мебошад, ки ба сӯи Кабирӣ помидору тухм партофтааст.

Дар навори видеойӣ ин мард – иштирокчии эҳтимолии ҳамла ба раиси ҲНИТ ҳикоят мекунад, ки ба ӯ тухми мурғу помидор дода, дархост намудаанд, ки онҳоро ба сӯйи меҳмонон аз Душанбе партоянд, вале дар бораи маҳз аз ҷониби кӣ дархост шудани ин амал чизе гуфта намешавад. Мард бастаи начандон калоне бо помидор ва тухмро дар даст дорад.

Ёдрас мекунем, ки

 санаи 10-уми июн 

ҳангоми аз дафтари кории ҳизб ба берун баромадани раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пас аз вохӯрӣ бо ҷавонони маҳаллӣ дар Кӯлоб, чанд нафаре ба сӯи ӯ тухми мурғу помидор партофтанд.

Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ Шӯрои сиёсии ҲНИТ 

изҳороти расмӣ

 интишор намуд.

Кормандони милисаи шаҳри Кӯлоб изҳор намуданд, ки ду нафар гумонбаршудагон ба амали майдавбошӣ нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро, ки санаи 10-уми июн содир гардида буд, 

боздошт намуданд.

  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.