Намоишгоҳи акс ва ҳунари «Занон ва кӯҳҳо» дар Душанбе

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Шомилкунии занони муқими ноҳияи кӯҳистон ба иқтисоди маҳаллӣ тавассути рушди ҳунармандӣ ва иштироки онҳо» дар Арт-галереяи «Мино»-и пойтахт таҳти унвони «Занон ва кӯҳҳо» намоишгоҳи акс ва ҳунари занон ҷараён дорад. Бино ба маълумоти дастандаркорони чорабинӣ, намоишгоҳ бо мақсади шиносоии сокинони шаҳр бо ҳаёту рӯзгори занони муқими манотиқи кӯҳистон созмон дода шудааст. «Тавассути […]

ASIA-Plus



Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Шомилкунии занони муқими ноҳияи кӯҳистон ба иқтисоди маҳаллӣ тавассути рушди ҳунармандӣ ва иштироки онҳо» дар Арт-галереяи «Мино»-и пойтахт таҳти унвони «Занон ва кӯҳҳо» намоишгоҳи акс ва ҳунари занон ҷараён дорад.

Бино ба маълумоти дастандаркорони чорабинӣ, намоишгоҳ бо мақсади шиносоии сокинони шаҳр бо ҳаёту рӯзгори занони муқими манотиқи кӯҳистон созмон дода шудааст. «Тавассути баргузории намоишгоҳ ва ба маърази тамошои ом гузоштани маснӯоти ҳунармандии онҳо, ки ҳаёти занони тоҷикро дар авулҳои кӯҳӣ таҷассум месозанд, аз ба миён омадани муколамаву ҳамкорӣ миёни шаҳр ва деҳоти кӯҳистон интизорӣ меравад», – гуфтанд дастандаркорони чорабинӣ.

Намоишгоҳи «Занон ва кӯҳҳо» хусусияти иҷтимоӣ дошта, як ҳадафи дигари баргузории он ҷалби ҷомеа ба зиндагии занон дар деҳоти кӯҳистон бо тамоми мушкилоту душворӣ ва хурсандиву фараҳи марбут ба он аст.

Ба андешаи созмондиҳандагони чорабинӣ, намоишгоҳ ба беҳбуди рақобатпазирии маҳсулоти ҳунармандону косибони зарафшонӣ миёни дигар манотиқ мусоидат карда, барои онҳо муфид ва нуфузи ташкилотро боло мебарад.

Чорабинии мазкур дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон, Маркази рушди сайёҳӣ ва Иттиҳоди ҳунармандони Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.