Раисони як қатор ноҳияҳо ба президент ҳисобот доданд

Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Норак телефонӣ ҳисобот доданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар гуфтугӯ ба натиҷаҳои фаъолият дар панҷ моҳи аввали соли равон, аз ҷумла иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ ва васеъ […]

ASIA-Plus



Имрӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони ноҳияҳои Темурмалик, Муъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Данғара ва шаҳри Норак телефонӣ ҳисобот доданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар гуфтугӯ ба натиҷаҳои фаъолият дар панҷ моҳи аввали соли равон, аз ҷумла иҷрои нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ, ҷамъоварии саривақтии ҳосили ғалладона ва меваю сабзавоти барвақтӣ ва васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир гардид.

Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва дигар омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои таъмини фаровонӣ дар бозори дохилии истеъмолӣ аз ҳар ваҷаб замини обии корам пурсамар истифода бурда, ду ва зиёда ҳосил рӯёнанд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дигар корхонаю муассисаҳо, вусъат додани ҳама гуна корҳои ободонию созандагӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ дода шуд.

Таъкид гардид, ки соҳибкорони ободгару бунёдкорро ба корҳои созандагӣ васеъ ҷалб намуда, ба ташкил ва густариши фаъолияташон ҳамаҷониба мусоидат намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.