Волидайни Алиҷони дар кӯча дарёфтшударо ҷарима мекунанд

Падару модари писарбача бо номи Алиҷонро, ки рӯзи 13-уми июн дар яке аз истгоҳҳои паҳлӯи Сирки пойтахт яккаву танҳо дарёфт шуда буд, барои бемасъулиятӣ ҷарима мекунанд. Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки волидайни Алиҷон мутобиқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму […]

ASIA-Plus



Падару модари писарбача бо номи Алиҷонро, ки рӯзи 13-уми июн дар яке аз истгоҳҳои паҳлӯи Сирки пойтахт яккаву танҳо дарёфт шуда буд, барои бемасъулиятӣ ҷарима мекунанд.

Аз Шуъбаи ВКД Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки волидайни Алиҷон мутобиқи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ҷаримабандӣ мешаванд.

«Ин парванда ба суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол гардида, бо қарори суд ҷарима ситонида мешавад. Ҳаҷми маблағи ҷаримаро мо намедонем. Кӯдакро шоми рӯзи 13-уми июн падараш Изззатулло Неъматов бо худ бурд. Ба гуфтаи ӯ, кӯдак бенигоҳубин гузошта шуда будааст», – шарҳ доданд дар Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Фирдавсӣ.

Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми рӯзи 13-уми июн дар истгоҳи яке аз кӯчаҳои назди Сирки давлатии пойтахт раҳгузарон ба кӯдаки тақрибан 3-4-солае дучор омаданд, ки яккаву танҳо бе калонсолон дар кӯча мегашт. Кӯдак ба ҷуз номи худ чизи дигаре дар бораи худ гуфта наметавонист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.