Натиҷаи қазияи «помидор» дар Кулоб: 3 ҳабси маъмурӣ ва 7 ҷарима



Чанде қабл дар толори суди шаҳри Кӯлоб қазияи пурсарусадои ҳамла ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар ин шаҳр бо помидору тухми мурғ бо муҷозоти «майдааавбошон» анҷом пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳр хабар дод, барои риоя накардани талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси маъмурии ҶТ шуъбаи маҳаллии корҳои дохилӣ нисбати 10 нафар ҳамчун афроди ба сӯи Кабирӣ помидору тухм партофта ва ҳамчунин шахсони монеъаэҷодкун аз ҳисоби намояндагони «ҷавонон»-и Кӯлоб мавод таҳия намуд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар натиҷа суд ба 3 нафар – шахсони бо помидору тухм ба раиси ҲНИТ ҳамлакарда – Сафаралӣ Шарифов ва Бобохон Сафаров ва ҳамчунин намояндаи «ҷавонони Кулоб Насрулло Раҷабов» ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз ва ба ҳафт нафари дигар, аз ҷумла як зан, ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 280 сомонӣ барои ҳар кадоме ҷазо таъин кард.

spot_imgspot_img

Популярное