Ба Раёсати тандурустии Хатлон ниҳоят сардор таъин шуд

Раёсати тандурустии вилояти Хатлон таи чанд моҳи охир бе роҳбар буд ва ахиран ба ҷои сардори барканоршудаи ин идора Шералӣ Бузмаков, бародари ӯ (писарамакаш) Сайдулло Маллаев омад. Шералӣ Бузмаков, ки дар симати сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон наздик ба 7 сол нишаста буд ,моҳҳои аввали соли равон аз вазифа барканор шуд. Номбурда баъди эродҳои зиёде […]

Сайраҳмон Назриев



Раёсати тандурустии вилояти Хатлон таи чанд моҳи охир бе роҳбар буд ва ахиран ба ҷои сардори барканоршудаи ин идора Шералӣ Бузмаков, бародари ӯ (писарамакаш) Сайдулло Маллаев омад.

Шералӣ Бузмаков, ки дар симати сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон наздик ба 7 сол нишаста буд ,моҳҳои аввали соли равон аз вазифа барканор шуд. Номбурда баъди эродҳои зиёде дар фаъолияти идораи тандурустӣ аз тарафи раиси вилоят Давлатшо Гулмаҳмадов бо курсиаш падруд гуфт.

Дар ин чанд моҳи бесардории идораи тандурустӣ, коршиносону мутахассисони соҳа ҳадс мезаданд, ки номзад ба ин вазифаи пурмасъул хеле зиёдасту ҳатто дар байни онҳо номзадии як зан ҳам вуҷуд дорад. Яке мегуфт, ба ин вазифа сардухтури беморхонаи ноҳияи Данғара меояду дигаре мегуфт, ки сардор ин дафъа аз беруни вилоят шояд таъин шавад.  Аммо касе ҳатто фикр намекард, ки бародари собиқ сардор ба ин маснад менишинад.

Инак, ҳафтаи гузашта Сайдулло Маллаевро ба ҳайати кормандони идораи тандурустии вилоят ба ҳайси сардори идора шинос намуданд.

Бояд гуфт, ки Сайдулло Маллаев бародарзодаи собиқ сардори идораи тандурустии вилоят ва ҳоло сардори ин идора, то таъин ба вазифаи наваш дар вазифаи сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷиликӯл адои вазифа мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.